Чорабинии иттилоотӣ дар литсеи металургии шаҳри Турсунзода

0
602

16 майи соли 2023 аз ҷониби Нодир Аминзода, хамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Бегматов Абдуҳаким, раиси филиали ҶҲАТ дар шаҳри Турсунзода дар литсеи металургии шаҳри Турсунзода чорабинии иттилоотӣ барои зиёда аз 70 нафар муҳассилини ин коллеҷ барпо гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Ҳамчунин, Бегматов Абдуҳаким оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар шаҳри Турсунзода ва корҳои хайриявию эҳсонкории ин филиал ба иштирокчиён маълумот дод.

Баъди баргузории ин чорабинӣ Нодир Аминзода бо фаъолияти филиали ҶҲАТ дар шаҳри Турсунзода ва ошхонаи хайриявии он аз наздик шинос гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар филиали ҶҲАТ дар шаҳри Турсунзода таи чанд сол аст, ки ошхонаи хайриявӣ амал намуда, он пиронсолони яккаву танҳо ва дигар ниёзмандонро бо хӯроки ройгон таъмин менамояд.