Чорабинии иттилоотӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

0
561

13 июли соли 2023 аз ҷониби Нодир Аминзода, хамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғавуров дар маркази саломатии ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғавуров чорабинии иттилоотӣ барпо гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Ҳамчунин, аз ҷониби роҳбари филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар ин ноҳия ва корҳои хайриявию эҳсонкории он ба иштирокчиён маълумот дода шуд.

Дар ин чорабинӣ қариб ҳамаи табибон ва дигар муҳассилини ин маркази тандурустӣ иштирок намуданд.