Чорабинии иттилоотӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон

0
481

Чорабинии иттилоотӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон

1 августи соли 2023 аз ҷониби Нодир Аминзода, хамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Наимҷон Каримзода танзимгарии минтақавии барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш чорабинии иттилоотӣ барпо гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Ҳамчунин, аз ҷониби Наимҷон Каримзода оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва корҳои хайриявию эҳсонкории он ба иштирокчиён маълумот дода шуд.

Дар ин чорабинӣ кормандони шуъбаҳои маорифу илм, занон, ҷавонон, тандурустӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 1 августи соли 2023