Чорабинии иттилоотӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон

0
313

2 ноябри соли 2023 аз ҷониби Нодир Аминзода, хамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Малика Нозимова, танзимгарии минтақавии барномаи “Иттилоот, ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ ва хадамоти ҷустуҷу”-и филиали ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар маркази саломатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин чорабинии иттилоотӣ барпо гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Ҳамчунин, аз ҷониби Малика Нозимова оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, корҳои хайриявию эҳсонкории он ва хадамоти ҷустуҷу ба иштирокчиён маълумот дода шуд.

Дар ин чорабинӣ ҳамчуни роҳбари филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин, волонтёрони филиал, кормандони маркази саломатии ин ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Баъди баргузории ин чорабинӣ аз ҷониби намояндагони ҶҲАТ истифодаи аломати Салиби Сурхро дар яке аз автомашинаҳои ёрии таъҷилии ин муассиса мушоҳида намуда, зуд бо роҳбарияти ин муассиса ва ронандаи он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Дар натиҷа аломати Салиби Сурх аз автомашинаи ёрии таъҷилӣ гирифта шуд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 2 ноябри соли 2023