Чорабинии иттилоотӣ дар ноҳияи Шаҳринав

0
522

Дар доираи Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ба номи А. Ҳусейнови ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби Нодир Аминзода, хамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Калонов Баҳриддин, раиси филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Шаҳринав чорабинии иттилоотӣ барои зиёда аз 200 нафар муҳассилини ин муассиса барпо гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Ҳамчунин, Баҳриддин Калонов оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Шаҳринав ба иштирокчиён маълумот дода, дар интиҳои чорабинӣ ба мактаббачагон корҳои амалӣ доир ба баргузории ёрии аввал ташкил карда шуд.