Чорабинии иттилоотӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

0
397

2 августи соли 2023 аз ҷониби Нодир Аминзода, хамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Наимҷон Каримзода танзимгарии минтақавии барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар Маркази саломатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии иттилоотӣ барпо гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Ҳамчунин, аз ҷониби Наимҷон Каримзода оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва корҳои хайриявию эҳсонкории он ба иштирокчиён маълумот дода шуд.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 25 нафар кормандони Маркази саломатии ноҳияи Ҷ. Балхии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 2 августи соли 2023