Чорабинии иттилоотӣ дар шаҳри Истиқлол

0
284
Чорабинии иттилоотӣ дар Муассисаи давлатии Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Истиқлол
15 июли соли 2023 аз ҷониби филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо филиали ҶҲАТ дар шаҳри Истиқлол чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.
Ин чорабинӣ дар Муассисаи давлатии Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Истиқлол барои зиёда аз 20 донишҷӯ ва устоди ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аз ҷониби кормандони ҶҲАТ Нодир Аминзода ва Раъно Камолова дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмилалӣ Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар ва фаъолияти ҶҲАТ маълумот дода шуда, ба иштирокдорон тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёрӣ дар ҶҲАТ фаҳмонида шуданд.