Чорабинии иттилоотӣ дар шуъбаи маорифи ноҳияи А.Ҷомӣ

0
442

08 ноябри соли 2023 Нодир Аминзода, хамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Наимҷони Каримзода, танзимгарии минтақавии барнома дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохурӣ намуданд. Дар вохурӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байни филиали ҶҲАТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия баррасӣ гардид.

Баъди вохурӣ дар шуъбаи маорифи ноҳияи А.Ҷомӣ  чорабинии иттилоотӣ барпо карда шуд.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Ҳамчунин, Наимҷони Каримзода оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба иштирокчиён маълумот дода шуд.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар, аз ҷумлаи сардори шуъбаи маориф, кормандони шуъба ва директорони ҳамаи 65 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 08 ноябри соли 2023