Рӯзи 14.07.2020 дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт аз ҷониби бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Намояндагони шуъбаи корҳои дохилии ш. Навобод, Бахши ҷавонон ва Кумитаи кор бо занон, аксия оид ба пешгирии бемории коронавирус гузаронида шуд. Чорабинӣ дар маркази шаҳрак, назди бозор, мағозаҳо ва беморхонаҳо баргузор гардид, ки дар он ихтиёриёни бахши ҶҲАТ бо беш аз ду ҳазор табақаҳои гуногуни ҷомеа вохўрда, оид ба пешгирии коронавирус, хусусан дар самти риоя намудани қоидаҳои гигиенӣ-санитарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар рафти чорабинӣ ба нафароне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб гашту гузор менамуданд, ниқоби тиббӣ тақдим карда шуд.