Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

0
785

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои

Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2001, №4, мод. 209)

Ин Қонун тартиби истифода ва ҳимояи аломатҳо ва номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар, ҳамчунин сигналҳои фарқкуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз конвенсияҳои Женева дар бораи ҳимояи қурбониҳои ҷанг аз 12 августи соли 1949 ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо аз 8 июни соли 1977, ҳамчунин Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз ҷониби ҷамъиятҳои миллӣ, ки Конфронси ХХ байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар соли 1965 (бо тағйирот ва иловаҳои соли 1991) қабул кардааст бармеоянд, муайян мекунад.

Моддаи 1. Истлоҳоти асосие, ки дар ин Қонун истифода бурда мешаванд

Барои мақсадҳои ин Қонун истилоҳоти зерин истифода бурда мешаванд:

низои мусаллаҳона – вазъиятҳо, чӣ тавре ки онҳо дар конвенсияҳои Женева дар бораи ҳимояи қурбониҳои ҷанг аз 12 августи соли 1949 (минбаъд конвенсияҳои Женева) ва дар Протоколҳои иловагӣ ба онҳо аз 8 июни соли 1977 (минбаъд Протоколҳои иловагӣ) муайян карда шудаанд;

воҳидҳои тиббӣ – муассисаҳои статсионарӣ ё сайёри тиббӣ ва дигар воҳидҳои ғайринизомӣ ё харбӣ, ки дар асоси доимӣ ё муваққатӣ барои ҷустуҷу, бардошта баровардан, интиқол, ташхис ё муолиҷа намудани маҷрӯҳон ва беморон, аз ҷумла расонидани кумаки аввалин, ҳамчунин барои пешгирии бемориҳо ташкил карда шудаанд;

ҳайати кормандони тиббӣ – шахсоне мебошанд, ки дар асоси доимӣ ё муваққатӣ барои ҷустуҷу, бардошта баровардан, интиқол, ташхис ё муолиҷа намудан, аз ҷумла расонидани ёрии аввалин ба маҷрӯҳои ва беморон, барои пешгирии бемориҳо, ҳамчунин барои таъминоти хоҷагӣ, моддию техники ва дигар таъминоти воҳидҳои тиббӣ таъин шудаанд;

Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар – ҳаракатест, ки ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар бар мегирад;

воситаҳои наклиёти санитари – воситаҳои ҳавоӣ, заминӣ, баҳрӣ ва дарёии интиқол, ҳам ҳарбӣ ва ҳам ғайринизомӣ, доимӣ ё муваққатӣ, ки фақат барои кашонидани маҷруҳон ва беморон, ҳайати кормандони тиббӣ, амволи тиббӣ ва ба мақсадҳои дигари тиббӣ таъин шудаанд ва таҳти назорати тарафи дар низои мусаллаҳона ширкаткунанда мебошанд;

аломат – аломати салиби сурх ё ҳилоли аҳмар дар заминаи ранги сафед, ки ҳамчун аломати муҳофизаткунанда ё фарқкунии воҳидҳои тиббӣ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ, амволи тиббӣ, ҳайати кормандони тиббӣ истифода бурда мешавад.

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузорӣ дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меьёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эьтироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Объектҳое, ки ҳимоя карда мешаванд

Объектҳои зерин таҳти ҳимояи ин Қонун қарор мегиранд:

а) аломатҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар;

б) номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар»;

в) сигналҳои фарқкунӣ  барои шинохтани воҳидҳои тиббӣ  ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ.

Моддаи 4. Созмони миллии Ҳилоли Аҳмар

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона созмони миллии Ҳилоли Аҳмар эътироф карда мешавад.

Фаъолият, вазифаҳо ва мақсадҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 5. Аломат

Аломат рамзи сабук кардани азобу шиканҷаи маҷруҳон ва беморон дар давраи низоъҳои мусаллаҳона, вазъиятҳои фавқулоддае, ки хусусияти табиӣ ва техногенӣ доранд ва барҳам додани оқибатҳои онҳо мебошад.

Аломати салиби сурх, салиби сурхи дар заминаи ранги сафед тасвирёфта аст, ки аз ду хати рости дорои тулу арзи баробар иборат мебошад, ки дар марказ ҳамдигарро бо кунҷи рост бурида мегузаранд ва то канори замина намерасанд.

Аломати ҳилоли аҳмар аз тасвири  ҳилоли аҳмар дар заминаи ранги сафед иборат аст, ки нӯгҳои тези он ба тарафи рост аз нигоҳкунанда нигаронида шудаанд ва то канори замина нарасидаанд.

Моддаи 6. Истифодаи аломат

Аломатро ҳамчун нишони фарқкунӣ ва муҳофизаткунанда фақат дар мавридҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун, конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ истифода бурдан мумкин аст.

Аломат ҳамчун нишони муҳофизаткунанда дар давраи низои мусаллаҳона, ҳамчунин дар мавридҳое, ки ҳамин Қонун  пешбинӣ намудааст, дар замони осоишта барои ишорат кардани ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ, ки бинобар бо кумак расонидан ба маҷрӯҳон ва беморон аз ҳимояи махсус бархурдоранд, истифода бурда мешавад. Аломате, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, бояд аз рӯи имкон андозаи калон дошта бошад, то ки  аз масофаи хеле дур дида шинохтани он мумкин гардад.

Аломате, ки ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда мешавад, нишон медиҳад, ки шахс ё объект бо Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар вобастаанд ва аломат бояд андозаи хурдтар дошта бошад.

Бо иҷозати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон истифода бурдани аломати Ҳилоли Аҳмар ҳамчун нишони фарқкунӣ барои дар замони осоишта ишорат кардани ҳайати кормандони тиббӣ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ ва муассисаҳои тандурустӣ, ки ба маҷруҳон ва беморон ройгон кумаки тиббӣ мерасонанд, рухсат дода мешавад.

Моддаи 7. Аз аломат истифода бурдани хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои   фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда, ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар давраи низои мусаллаҳона, фақат барои ишорат кардани ҳайати кормандони тиббии худ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ, воҳидҳои тиббӣ истифода барад.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббӣ бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва муҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.

Моддаи 8. Аз аломат истифода бурдаии воҳидҳои тиббии  ғайринизомӣ

Дар давраи низои мусаллаҳона ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидхҳи тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии ғайринизомӣ бо иҷозат ва таҳти назорати Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломати ҳилоли аҳмар, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода мешавад, ишорат карда мешаванд.

Вазорати   тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳайати кормандони тиббии ғайринизомӣ   бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва мӯҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.

Моддаи 9. Аз аломат истифода бурдани Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар давраи низои мусаллаҳона ба ихтиёри ҳадамоти тиббии   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, бо иҷозати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломати ҳилоли аҳмар, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, ишорат карда мешаванд. Ҳайати кормандони тиббии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба конунҳо ва амрҳои ҳарбӣ итоат мекунанд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббии Ҷамъияти Ҳилоли  Аҳмари Тоҷикистон  бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва мӯҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.

Дар мавридҳои дигар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар давраи низои мусаллаҳона мутобиқи моддаи 8 ҳамин Қонун аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода мебарад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо розигии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳануз дар замони осоишта аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда ва сигналҳои фарқкуниро барои ишорат кардани воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ, ки барои дар давраи низои мусаллаҳона онҳоро ба мақсадҳои тиббӣ истифода бурдан пешбинӣ мешаванд, истифода бурда метавонад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аломати ҳилоли аҳмарро, ҳамчун нишони фарқкунӣ ҳам дар давраи низои мусаллҳона ва ҳам дар замони осоишта барои ишорат кардани мансубияти шахсон, воситаҳои нақлиёт, амвол, иншоотҳо ва дигар объектҳо ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон истифода мебарад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистои нишони Ҳилоли аҳмарро, инчунин мутобиқи Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз ҷониби ҷамъиятҳои миллӣ ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда метавонад.

Ҷамъиятҳои миллии хориҷии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошанд, бо иҷозати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аломатро бо тартибе, ки қисмҳои панҷум ва шашуми ҳамин модда пешбинӣ намудаанд, ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда метавонаид.

Моддаи 10. Аз аломат истифода бурдани воҳидҳои тиббии ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориҷие, ки дар низои мусаллаҳона иштирок намекунанд

Бо розигии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти назорати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориҷие, ки дар низои мусаллаҳона иштирок намекунанд, метавонанд барои расониданн кумаки инсондустона ба ихтиёри ҳадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шаванд ва бо аломат, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, ишорат карда мешаванд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббии ҷамъиятҳои миллии давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориҷие, ки дар низоъ иштирок намекунанд, бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва мӯҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.

Моддаи 11. Бозубанд ва шаҳодатнома

Ҳайати кормандони тиббии дар моддаҳои 7, 8, 9, 10 ҳамин Қонун зикршуда барои тасдиқи мақоми худ дар давраи низои мусаллаҳона ӯҳдадор аст, ки бозубанд бандад ва шаҳодатнома дошта бошад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.

Моддаи 12. Сигналҳои фарқкунӣ

Мутобиқи Протоколи иловагии I сигналҳои равшанидиҳанда, сигналҳои радиоӣ ва сигналҳои электронии ташхискунӣ, ки фақат барои истифода бурдани воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ бо мақсадҳои шинохтани онҳо пешбинӣ шудаанд, ба сигналҳои фарқкунӣ мансуб мебошанд.

Сигналҳои фарқкуниро барои ягон мақсади дигар истифода бурдан мумкин нест.

Моддаи 13. Истифода бурдани номи «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар»

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номҳои шахсони ҳуқуқӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ва ба мақсадҳои дигар, ки бо принсипҳои Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мувофиқ нестанд, номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар» – ро истифода бурдан мумкин нест.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳуқуқи мустаснои истифодабарии номи «Ҳилоли Аҳмар» дода мешавад, агар ҳамин Қонун чизи дигаре муқаррар накарда бошад.

Моддаи 14. Созмонҳое, ки аломатро бе иҷозат истифода мебаранд

Кумитаи    байналмилалии   Салиби    Сурх,    Федератсияи байналмилалии ҷамъиятхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мутобиқи конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ, ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар давраи ҷанг ҳангоми амалӣ намудани тамоми шаклҳои фаъолияти худ аломатро бе иҷозат истифода мебаранд.

Истифода бурдани нишонаҳои шабҳеи аломат, ки шояд саҳван бо аломат монанд карда шаванд, мумкин нест.

Моддаи 15. Истифодаи ғайриконунии салиби сафед дар заминаи ранги сурх

Бо сабаби он, ки нишони Швейсария саҳван ҳамчун аломати Салиби Сурх қабул нагардад, ба сифати аломати тиҷоратӣ ё фабрикӣ, ( ба сифати қисмҳои таркибии чунин аломатҳо), ҳамчунин бо мақсадҳое, ки хилофи қоидаҳои тиҷорати бовиҷдонона мебошанд, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки мумкин аст ҳисси миллии шаҳрвандони Швейсария таҳқир шавад, истифодаи салиби сафед дар заминаи ранги сурх ё ҳама гуна аломате, ки ба охирин ҳамшабеҳ аст, дар ҳама ҳолат манъ мебошад. Шахсоне, ки ҳамин меъерҳоро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 16. Назорати истифодаи аломатҳо ва номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои иҷрои ин Қонун ва ҳамчунин аз болои шахсоне, ки барои истифода бурдани аломатҳо номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар» ва сигналҳои фарқкунӣ ҳуқуқ доранд, назорат менамояд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ кардан ва роҳ надодан ба суиистифода аз аломатҳо, номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар», сигналҳои фарқкунӣ бо мақомоти ҳокимияти давлат ҳамкорӣ мекунад.

Моддаи 17. Масьулият барои иҷро накардани ин Қонун

Аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гуна шакл истифода бурдани аломатҳо, номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар» ва сигналҳои фарқкунӣ, ки хилофи ин Қонун, конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ, ҳамчунин Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз ҷониб ҷамъиятҳои миллӣ мебошанд, манъ аст.

Шахсоне,  ки барои иҷро накардан ё ба таври  дахлдор иҷро накардани ин Қонун гунаҳкор ҳастанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                          Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе,  12 майи соли 2001

№26