Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳанўз аз нахустрўзҳои фаъолияташ дар кишвар худро чун ҳамдаму ҳамрози бошандагони ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд. Баробари хуруҷи бемории сироятии коронавирус дар кишвар ҷамъияти мазкур бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирии паҳншавии коронавируси нав “COVID-19” дар Тоҷикистон ва расонидани кўмаки башардўстона ба мардуми ниёзманди кишвар фаъолияти худро дучанд намуд. Ин аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон чун анъана дар доираи дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа тули моҳи сипаригардида низ чандин иқдоми хайрхоҳона анҷом дод… Ин ниҳод дар ин давра ба беш аз 500 оилаи ниёзманди шаҳрҳои Душанбе, Кулоб, Роғун ва муассисаҳое, ки ба парастории кўдакони ниёзманд сарукор доранд, маводи ғизоӣ кўмак намуд.
Тавре масъулин зимни як нишасти хабарӣ дар радиои «Имрўз» иттилоъ доданд, бо дарназардошти он ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус – COVID-19 ҳаст, ба хотири дастгирии табибони ҷумҳурӣ, ки дар набард бо «вабои аср» дар сафи аввали мубориза қарор доранд, иқдоми хайрхоҳона анҷом дода, бо дастгирии бунёди кўдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) ба бемористонҳо дар ду марҳила айнак, либосҳои муҳофизатӣ ниқобҳои тиббӣ ва ҳароратсанҷ ирсол намуд. Ҳамчунин, чанде пеш ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ як адад дасгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) ҳамчун тўҳфа тақдим шуд, ҳамингуна кўмак рўзҳои наздик ба Маҷмаи тандурустии «Истиқлол», Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе (беморхонаи 1-ум Советский), беморхонаи беморињои сироятии шањри Душанбе ва ѓайраҳо расонида мешавад.
Инчунин дар доираи амалҳои башардўстона аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 800 оила дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва ҳамзамон ба 40 оилаи ниёзманди шаҳри Кулоб кўмаки моддӣ намуд. Ҳамчунин масъулини Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба хона-интернати ноҳияи Восеъ 40 бастаи хўрока (50 кг орд, 5 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон ва чойи хушку донагиҳо) дастрас карданд.
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории CОVID-19 беш аз 900 волонтёри Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба корҳои фаҳмондадиҳӣ машғуланд. Рўзҳои наздик боз 300 волонтёри дигар ҷиҳати сафарбар мешаванд. Бояд гуфт, ситоди ниҳод ба хотири пешгирӣ аз таҳлука дар ҷомиа ва паҳн намудани маълумоти саҳеҳ варақаҳои иттилоотӣ нашр намуда, аз ҷониби волонтёрҳо дастраси аҳолӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша ва дунамои фаъолият айни ҳол Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо беш аз 40 ташкилоту созмонҳои хайриявии дохилӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Ба гуфтаи Қурбониён Баҳодур, котиби генералии ҶҲАТ айни ҳол чандин лоиҳаҳои башардӯстона, аз ҷумла лоиҳаи омўзиши муҳоҷирони меҳнатӣ, гузаронидани нуқтаҳои оби нўшокӣ, дастгирии ятимон ва ғайраҳо мавриди омӯзиш қарор доранд ва дар оянда ба хотири дастгирии табақаҳои ниёзманд амалӣ хоҳанд шуд.
Асосӣ КУМАК БА НИЁЗМАНДОН Қурбониён Баҳодур: Рӯзҳои наздик ба чанде аз баморхонаҳо кӯмак хоҳем расонд