Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи холии «Ҳамоҳангсози солимии равонӣ ва дастгирии равонию иҷтимоӣ», бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх озмун эълон менамояд.
ВАЗИФА: Ҳамоҳангсози барномаи солимии равонӣ ва дастгирии равонию иҷтимоӣ (реҷаи пурраи корӣ)
ТАШКИЛОТ: Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ)
МАҲАЛЛИ ҶОЙГИРШАВӢ: ш. Душанбе
Талаботи тахассусӣ:
- Маълумоти олӣ дар бахши “Равоншиносӣ” (дипломи Донишгоҳ/ Донишкада);
- Доштани таҷрибаи корӣ дар барномаҳои равонӣ-иҷтимоӣ бартарият дорад;
- Дониши мукаммали забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забонҳои англисӣ ва узбекӣ афзалият дорад;
- Малакаи хуби истифодаи компютер (MS Office);
- Имконияти сафар ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутобиқи талабот;
- Малакаҳои хуби муоширатӣ ва коммуникатсионӣ;
- Малакаҳои хуби тайёр намудани ҳисоботҳо;
- Қобилияти идоракунӣ (доштани таҷриба дар масъалахои ташкилотчигӣ, маъмурӣ ва тайёр намудани ҳисоботи молиявӣ);
- Доштани тасаввуроти кофӣ оид ба вазъи иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумхурии Тоҷикистон.
МУҲЛАТИ НИҲОИИ ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲО: 14 июни соли 2024, соати 17:00
Довталабон метавонанд тарҷумаи ҳоли мухтасар (резюме) ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро ба суроғаи почтаи электронии alisher.sdv@gmail.com , нусха ба: smamadatoeva@icrc.org ирсол намоянд ва ё ба идораи ташкилот воқеъ дар ш. Душанбе, кӯч. Умари Хайём 120 супоранд. Телефон барои маълумот: 2240343