Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 500 нафар кӯдакони ятим кумакпулии ҳармоҳа менамояд.
Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази Шоҳ Салмон оид ба имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз 4 феврали соли 2020 нисбат ба як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари ИМА, бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рӯзи пардохт, кумакпулӣ муқаррар карда шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳолати 2 июни соли равон, 100 доллари ИМА 1027 сомониро ташкил медиҳад. Муҳлати фаъолияти лоиҳа тибқи созиши ҷонибҳо як солро дар бар мегирад.
Мутобиқи санади баимзорасида миёни ҷонибҳо 500 нафар ятиме, ки дар хона зери тарбияи хешовандони наздик ба тарбия фаро гирифта шудаанд, аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Бохтар, Кушониён, Вахш, Левакант, А. Ҷомӣ, Шаҳритуз, Норак, Ёвон, Дустӣ, Хуросон, Ҷ. Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Ҷайҳун дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида интихоб карда шуданд.
Маблағи кумакпулӣ ба ятимон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби ятимон, яъне бо кушодани кортҳо ба ҳар як кўдак ҳармоҳ интиқол дода мешавад.
Қобили зикр аст, маблағи зирггардида барои таъмини ҳифзи саломатии ятимон, маводи хурока ва ашёву асбоби хониши онҳо аз тарафи сарпарастони онҳо масраф карда мешавад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии кӯдакони бепарастор пайваста кӯшиш менамояд. Ҳамин тавр, моҳи апрели соли равон аз ҷониби Ҷамъият ба муассисаи давлатии тақсилоти умумии асосӣ — мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе 35 бастаи маводҳои хӯрока ва 35 бастаи гигиенӣ, муассисаи давлатии хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе — 15 бастаи маводҳои хӯрока ва 15 бастаи гигиенӣ, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе — 25 бастаи маводҳои хӯрока ва 10 бастаи гигиенӣ ҳамчун кумак дастрас карда шуданд. Инчунин, дар ҳамин давра ба ниёзмандони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Роғун, Восеъ, Рашт, Сангвор ва Файзобод маводи хурока дастрас гардид. Як баста маводи хӯрока барои як оила аз 50 кг орд, 5 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 0,5 кг чойи хушк, 3 кг донагиҳо аз ҷумла, лӯбиё, нахӯд, мош, марӯумак ва 1 кг намак иборат мебошад.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 2 июни соли 2020