Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманди ноҳияи Рашт кӯмаки озуқаворӣ мерасонад

0
34

12-13 марти соли 2025 кормандон ва волонтёрони филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба 650 нафар ниёзмандони ноҳияи Рашт кумаки озуқаворӣ тақсим менамоянд.

Ин кумак бо дастгирии Маркази имдод ва корњои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудї ба ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон  пешбинӣ шудааст.

Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 50 кг орди гандумӣ, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг мош, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат мебошад.

Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт амалӣ мегардад.