Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 500 нафар кӯдакони ятим кумакпулии ҳармоҳа дар ҳаҷми $100 кўмак менамояд

0
1674

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 500 нафар кӯдакони ятим кумакпулии ҳармоҳа менамояд.
Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабистони Саудӣ оид ба “Дастгирии 500 нафар ятимон дар вилояти Хатлон” аз 4 феврали соли 2020 нисбат ба як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари ИМА, бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рӯзи пардохт, кумакпулӣ муқаррар карда шудааст.
Мутобиқи санади баимзорасида миёни ҷонибҳо 500 нафар ятиме, ки зери тарбияи хешовандони наздик ба тарбия фаро гирифта шудаанд, аз 16 шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Бохтар, Кушониён, Вахш, Левакант, А. Ҷомӣ, Шаҳритуз, Норак, Ёвон, Дустӣ, Хуросон, Ҷ. Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Ҷайҳун дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида интихоб карда шуданд.
Маблағи кумакпулӣ ба ятимон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби ятимон, яъне бо кушодани кортњо ба њар як кўдак ҳармоҳ интиқол дода мешавад.
Қобили зикр аст, маблағи зирггардида барои таъмини ҳифзи саломатии ятимон, маводи хурока ва ашёву асбоби хониши онҳо аз тарафи сарпарастони онҳо масраф карда мешавад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии кӯдакони бепарастор пайваста кӯшиш менамояд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 3 феврали соли 2021