21 феврали соли 2022 вохурии намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб бо рохбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва кормандони он дар шахри Душанбе барпо гардид. Зимни мулокот оид ба хамкорихои мутакобилан судманди байни ду Ҷамъияти хайрияви сурат гирифт.
Бояд кайд намуд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб ба 814 нафар кӯдакони ятим кумакпулии ҳармоҳа дар хачми 180 дирхами Аморати Муттаҳидаи Араб бо дарназардошти қурби асъори миллии Точикистон Сомони такдим менамояд.
Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб нисбат ба як нафар ятим дар як моҳ 180 дирхами Аморати Муттаҳидаи Араб кумакпулӣ муқаррар карда шудааст.
Мутобиқи санади баимзорасида миёни ҷонибҳо 814 нафар ятиме, ки зери тарбияи хешовандони наздик ба тарбия фаро гирифта шудаанд, аз шаҳру ноҳияҳои Ҷумхурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Маблағи кумакпулӣ ба ятимон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби ятимон, яъне бо кушодани кортҳо ба ҳар як кўдак интиқол дода мешавад.
Қобили зикр аст, маблағи зирггардида барои таъмини ҳифзи саломатии ятимон, маводи хурока ва ашёву асбоби хониши онҳо аз тарафи сарпарастони онҳо масраф карда мешавад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии кӯдакони бепарастор пайваста кӯшиш менамояд. Ҳамин тавр, дирўз санаи 21 феврали соли 2022 аз ҷониби Ҷамъият бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттахидаи Араб ба як микдор кўдакони ятим ва ниёзманди шахри Душанбе кумаки гайриозукавори, аз кабили сару либоси зимистона ва тачхизотхои гармидихи такдим карда шуд. 23 феврали соли 2022 низ аз чониби Ҷамъият ба як микдор кудакони ятиму бепарастор ва дигар ниёзмандони кишвар чунин кумаки гайри озукавори такдим хохад гардид.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 22 феврали соли 2022
Асосӣ КУМАК БА ЯТИМОН Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 814 нафар кӯдакони ятим кумакпулии ҳармоҳа дар ҳаҷми...