Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб ба кӯдакони ятим кӯмак намуд

0
170

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб ба оилаҳои дорои кӯдакони ятим ва шахсони ниёзманд кӯмаки башардустона расонид.

Ин кӯмак аз лиҳози сарулибоси тобистона ва пояфзол иборат буда, санаи 22 июни соли 2024  ба оилаҳои дорои кӯдакони ятим ва шахсони ниёзманди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон ҳамчунин Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб ба 160 нафар кӯдакони ятим ва шахсони имконияташон маҳдуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки башардустона намуда буд.

Ин кӯмак аз лиҳози сарулибоси замистона, кампал ва гармидиҳаки барқӣ иборат буда,  ба 50 нафар оилаҳои дорои кӯдакони ятим дар ноҳияи Восеъ, 50 нафар дар  ноҳияи Рашт ва 60 нафар дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим карда шуда буд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 22 июни соли 2024