Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҷумҳурии Туркия ба ниёзмандони шаҳри Ҳисор кӯмак намуд

0
47

Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 марти соли 2025 дар арафаи моҳи шарифи Рамазон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо мусоидати ташкилотҳои хайриявии Ҷумҳурии Туркия тавассути сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 нафар оилаҳои ниёзманди шаҳри Ҳисор кӯмаки озуқаворӣ намуд.

Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 10 кг орди гандумӣ ва бастаи маводҳои хӯроквории талаботи ниёзи мардум иборат буд.

Дар ҷараёни тақсимот намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои хайриявии Ҷумҳурии Туркия ва намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иштирок намуданд.

Бояд кайд намуд, ки ҳамзамон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чунин намуди кӯмакро ба ниёзмандонди якқатор шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба нақша гирифтааст ва он дар арафаи моҳи шарифи Рамазон амалӣ хоҳад шуд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 8 марти соли 2025