Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи исломии Аҳмари байналмилалӣ ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ дар вилояти Суғд кӯмак намуд

0
858

23 сентябри соли 2022 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Кумитаи исломии Аҳмари байналмилалӣ (КИАБ) ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд кӯмак намуд.
Субҳи имрӯз кумаки якум дар назди кӯдакистони №6 ба 20 оилаҳои зарардидагони муноқишаҳои марзӣ дар ҷамоати деҳоти “Овчиқалъача”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, тавасути кормандон ва волонтёрони филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуд. Ин кӯмак аз лиҳози орд, шакар, биринҷ, равҳани растанӣ, макарон, нахуд, иарҷумак, чойм хушк, намак, нон, коҳази ҳоҷҷатхона, уребча, чойники электрикӣ, хлор, доширак, собун, хокаи ҷомашуӣ ва ҳайра иборат буданд.
Ҳамчунин, баъди нисфирӯзи ин кӯмак ба 10 оилаҳои зарардидаи муноқишаҳои марзӣ дар деҳаҳои Лолазор ва Маданияти ҷамоати деҳоти “Гулхона”-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд расонида шуд.
Зарардидагон аз ин кӯмак бисёр хушҳол гардида, ба намояндани КИАБ ва ҶҲАТ изҳори миннатдорӣ намуданд.
ҶҲАТ бо дастгирии шарикони худ аз рӯзҳои аввали муноҳишаҳои марзӣ ба зарардидагони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд кӯмаки озуқаворӣ, ғайри озуқаворӣ ва равонӣ менамояд.
Бояд қайд намуд, миёни Кумитаи исломии Аҳмари байналмилалӣ (КИАБ) ва ҶХАТ ёддошти тафоҳум қаблан ба имзо расида, дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз ҷониби КИАБ тавассути ҶҲАТ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 таъмир гардида, дар айни замон лоиҳаи нав оид ба сохтмони ҳоҷатхонаҳои замонавии ин мактаб амалӣ мегардад.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Хуҷанд, 23 сентябри соли 2022