Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб ба ниёзмандони кишвар 1000 кг гӯшт тақсим намуд

0
633

Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-30 июни соли 2023 бахшида ба иди саиди Қурбон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо мақсади дастгирии ниёзмандони кишвар бо мусоидати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб ба якқатор оилаҳое, ки кудакони ятим доранд 1000 кг гӯшти гов кумак намуд.

Ин кумак ба 20 нафар оилаҳо дар ноҳияхои Файзобод (60 кг), 30 оила дар ноҳияи Рашт (90 кг), 30 оила дар ноҳияи Восеъ (90 кг) ва 253 оила дар шахри Душанбе (760 кг) таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ расонида шуд.

Бояд кайд намуд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб аз соли 2020 то инҷониб ба кӯдакони ятим дар ҳаҷми тахминан 500 сомонӣ (180 дирхами Аморати Муттаҳидаи Араб) ба як нафар ятим кумак менамояд.

Мутобиқи санади баимзорасида байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб 614 нафар ятимон дар соли 2020, 814 нафар ятимон дар соли 2021, 1008 нафар ятимон дар соли 2022 дастгирӣ ёфтанд.

Дар соли 2023 бошад тахмин меравад, ки ба зиёда аз 1000 нафар ятимоне, ки зери тарбияи хешовандони наздик қарор доранд, аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Файзобод, Восеъ ва Рашт кумаки молиявӣ расонида шавад.

Маблағи кумакпулӣ ба ятимон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби ятимон, яъне ба кортҳои онҳо интиқол дода мешавад.

Қобили зикр аст, маблағи зирггардида барои таъмини ҳифзи саломатии ятимон, маводи хурока ва ашёву асбоби хониши онҳо аз тарафи сарпарастони онҳо масраф карда мешавад.

Ҳамзамон бояд иттилоъ дод, ки дар соли 2022 низ аз ҷониби ҶҲАТ бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттахидаи Араб ба якқатор оилаҳое, ки кудакони ятим доранд 2975 кг гӯшт ва кумаки ғайриозуқаворӣ, аз қабили сару либоси зимистона ва таҷҳизотҳои гармидиҳӣ дар арафаи иди сайиди Қурбон расонида шуда буд.

 

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 30 июни соли 2023