Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб ба ниёзмандони кишвар кумак намуд

0
327

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб ба 160 кӯдакони ятим ва шахсони имконияташон маҳдуди 3 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардустона намуд.

Ин кумак аз лиҳози сарулибоси замистона, кампал ва гармидиҳаки барқӣ  ба 50 нафар оилаҳои дорои кӯдакони ятим дар ноҳияи Восеъ, 50 нафар дар  ноҳияи Рашт ва 60 нафар дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2023 низ, дар арафаи иди Қурбон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттахидаи Араб аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба якқатор оилаҳое, ки кудакони ятим доранд 1000 кг гӯшти гов дода шуда буд.

Ҳамчунин бояд иттилоъ дод, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб аз соли 2020 то инҷониб ба кӯдакони ятим дар ҳаҷми тахминан 500 сомонӣ (180 дирхами Аморати Муттањидаи Араб) ба як нафар ятим кумак менамояд.

Мутобиқи санади баимзорасида байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб 614 нафар ятимон дар соли 2020, 814 нафар ятимон дар соли 2021, 1008 нафар ятимон дар соли 2022 ва зиёда аз 1000 нафар ятимоне, ки зери тарбияи хешовандони наздик қарор доранд, аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Файзобод, Восеъ ва Рашт кумаки молиявӣ гирифтанд.

Маблағи кумакпулӣ ба ятимон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби ятимон, яъне ба кортҳои онҳо интиқол дода мешавад.

Қобили зикр аст, маблағи зирггардида барои таъмини ҳифзи саломатии ятимон, маводи хурока ва ашёву асбоби хониши онҳо аз тарафи сарпарастони онҳо масраф карда мешавад.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 04 марти соли 2024