Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-17 июни соли 2024 бахшида ба иди сайиди Қурбон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо мусоидати ташкилотҳои хайриявии Ҷумҳурии Туркия тавассути сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниёзмандони Тоҷикистон 8000 кг гӯшти гов такдим менамояд.
Ин кӯмак ба табақаҳои ниёзманди шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва ноҳияи Варзоб таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ такдим мегардад.
Рӯзи 16 июни соли 2024 кӯмаки мазкур алакай ба табақаҳои ниёзманди аҳолии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе аз анбори марказии ҶҲАТ тақсим карда шуд.
Бояд кайд намуд, ки дар ин рӯзҳо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҳилоли Аҳмари давлати Қувейт, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар, ҳамчунин чунин намуди кӯмакро ба ниёзмандонди шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Восеъ ва Рашт такдим менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки ҶҲАТ бо дастгирии шарикони рушди худ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон низ ба табақаҳои ниёзмандтарини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки маводҳои хӯрокворӣ ва ғайри хӯрокворӣ намуда буд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 17 июни соли 2024