17 июни соли 2024 бахшида ба иди сайиди Қурбон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ба 650 (3250 нафар) оилаҳои ниёзмандон гӯшти гов тақсим намуд.
Ин кӯмак ба 400 (2000 нафар) оилаҳои ниёзманди шаҳри Кӯлоб ва 250 (1250 нафар) оилаҳои ниёзманди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ тақсим карда шуд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 17 июни соли 2024