Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 09-10 июли соли 2022 бахшида ба иди саиди Курбон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо мақсади дастгирии ниёзмандони кишвар бо мусоидати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттахидаи Араб ба кудакони ятим ва дигар ниёзмандони кишвар 2975 кг гушти гов таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ такдим менамояд.
Ин кумак ба кудакони ятими ноҳияхои Рашт (140 кг), Файзобод (40 кг), Восеъ (140 кг) ва хона-интернатхои шахри Душанбе (2655 кг) таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ такдим мегардад. Дар шаҳри Душанбе ин кумак ба Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта», Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор», Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1», Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2», Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ барои нафақахӯрон ва маъюбон, Муасссисаи давлатии «Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шавқат» (100 кг) тақсим карда мешавад.
Имрӯз ин кӯмак ба кӯдакони ятими ноҳияҳои Рашт ва Файзобод тақдим карда шуд.
Бояд кайд намуд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб ба 814 нафар кӯдакони ятим кумакпулии ҳармоҳа дар ҳаҷми 180 дирҳами Аморати Муттаҳидаи Араб ба як нафар ятим бо дарназардошти қурби асъори миллии Тоҷикистон Сомонӣ такдим менамояд.
Мутобиқи санади баимзорасида миёни ҷонибҳо 814 нафар ятиме, ки зери тарбияи хешовандони наздик ба тарбия фаро гирифта шудаанд, аз шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Маблағи кумакпулӣ ба ятимон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби ятимон, яъне ба кортҳои онҳо интиқол дода мешавад.
Қобили зикр аст, маблағи зирггардида барои таъмини ҳифзи саломатии ятимон, хариди маводи хурока ва ашёву асбоби хониши онҳо аз тарафи сарпарастони онҳо масраф карда мешавад.
Ҳамзамон бояд иттилоъ дод, ки моҳи феврали соли 2022 низ аз ҷониби ҶҲАТ бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттахидаи Араб ба як микдор кудакони ятим ва ниёзманди кишвар кумаки ғайриозуқавори, аз қабили сару либоси зимистона ва таҷҳизотҳои гармидиҳӣ такдим карда шуда буд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 09 июли соли 2022