Ҳилоли Аҳмар-пайвандгари қалбҳо

0
1772

Хадамоти Ҷустуҷў яке аз барномаҳои муҳими Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба ҳисоб рафта, оғоз аз соли 1993 дар Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС) фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Ҷоиз ба қайд аст, ки доираи барнома сол аз сол васеъ гардида, айни замон фаъолияти он чунин самтҳоро дар бар мегирад:
• Ҷустуҷўи хешовандону наздиконе, ки робитаи онҳо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқуллода, офатҳои табиӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ канда шудааст;
• Муайян намудани тақдири шахсоне, ки дар рафти ҷангҳо бедарак шудаанд;
• Таҳвили мактубҳои Салиби Сурх байни аъзоёни оила дар ҳолатҳое, ки дигар воситаҳои алоқа қатъ гардидаанд;
• Муайян намудани махфуз мондани қабрҳои ҳарбӣ дар хориҷи кишвар;
Аз тарафи масъули барномаи бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд соли гузашта зиёда аз 60 дархости ҷустуҷуиро аз шаҳрвандони миқёси вилоят ва берун аз ҷумҳурӣ доир ба кофтукоб ва барқарорсозии робитаҳои оилавӣ қабул карда шуд. Мавриди зикр аст, ки шахсони бедаракшуда аксарият муҳоҷирони меҳнатии дар давлати Русия қарордошта, ба ҳисоб мераванд. Онҳо бо сабабҳои гуногун алоқаро бо наздикон ва пайвандони худ гум кардаанд. Аз ин лиҳоз, дархостҳо асосан ба Салиби Сурхи Русия равона карда мешаванд. То ин муддат тақрибан ба нисфи дархостҳо ҷавоб ворид гаштааст. Албатта, ин натиҷаи назаррас мебошад. Лекин, бояд қайд намуд, ки маълумотномаҳо аксарият бо ҷавоби ғайриқаноатбахш, яъне “ба қайд гирифта нашудааст” қабул мешаванд. Аз сабаби дар суроғаи нишондодашуда (кўча, шаҳр, вилоят) аз қайди расмӣ нагузаштани муҳоҷирон-шахсони бедаракшуда кормандон наметавонанд аз тақдири онҳо маълумот пайдо намоянд ва ба хешу пайвандонашон хабар диҳанд.
Истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов охири соли 2017 ба корманди масъули барнома муроҷиат намуда доир ба бедаракшавии писараш маълумот дода буд. Вай барои кор ба давлати Русия рафта танҳо соли аввал ба падару модараш занг задаст. Баъдан, тайи 6 соли охир наздикон аз тақдири писарашон ягон хабаре надоштанд. Аз ғаму ғуссаи гум шудани фарзанди дилбандаш модар олами ҳастиро падруд гуфт. Падар бо чашмони пуроб ва бо ҳазор умеду орзу ба бахши вилоятии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар муроҷиат намуд. Албатта, дархост қабул ва ба Кумитаи Марказии ҶҲАТ ирсол гардид.
Хушбахтона, чанде пеш аз «Маркази Ҷустуҷў ва маълумоти Салиби Сурхи Русия» ба унвони дархосткунанда ҷавоб ворид гашт, ки дар он суроға ва рақами телефони писараш навишта шудааст. Вакте, ки падар ин хабари хушро шунид, ба кулли кормандон ва шахсони муттасаддии барнома сипоси худро расонид. Алалхусус, дар сўҳбат вай чунин қайд кард: «…Солҳои тўлонӣ аз писарам ягон хабар набуд ва аз ин сабаб дилам ҳамеша хавотиру хотирам ноҷамъ буд. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳилоли Аҳмар фаҳмидам, ки писарам зиндаву саломат будааст ва моҳҳои наздик ба хона бармегаштааст. Ташаккур ба кормандони Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурхи Русия. Онҳо пайвандгари дилҳо буда тавонистанд дар ин моҳи шарифи Рамазон кори хайру савобро ба ҷо оранд».
Бояд қайд намуд, ки барномаи «Хадамоти Ҷустуҷў» фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ, Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва волонтерон дар миқёси вилоят ба роҳ мондааст. Тибқи нақшаи корӣ мунтазам бо аҳолӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳо вохўриҳо гузаронида, доир ба мақсаду мароми барнома иттилоот пешниҳод мегардад.