Ҷаласаи корӣ дар шаҳри Хуҷанд

0
1890

Тибки накша чорабинии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ) ва муассисаи давлатии Маркази миллии Точикистон оид ба масъалахои минахо (ММТММ) санаи 17 августи соли ҷорӣ дар шахри Хучанд чамъомади гурўхи кории техникї оиди кўмак ба чабрдидагони минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги баргузор гардид.
Дар ҷаласа рохбарият, кормандони масъули ММТММ, намояндагони шўъбахои хифзи ичтимоии ахолии шахру навохии максаднок, чабрдидагон, инчунин волонтёрони филиалҳои ҶҲАТ дар шањриву навохии Исфара, Конибодом, Панчакент, Айни, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров иштирок варзиданд.
Дар баромади худ Мухаббат Иброхимзода – директори Марказ қайд намуд, ки хадаф аз баргузории вохўри ин баррасии натичахои фаъолияти Марказ ва филиалҳои махаллии ЧХАТ дар самти кўмак ба чабрдидагон дар соли 2021 ва шашмоҳаи аввали соли 2022, накша чорабинихо барои соли 2022 ва амалишавии «Накшаи амалиётхои Осло оид ба кўмак ба чабрдидагони минахо» ба хисоб меравад.
Дар навбати худ Райхон Муминова – намояндаи Марказ шунавандагонро доир ба фаъолияти марказ ва натичахои Стратегияи миллии Точикистон оид ба амалиёти зидди минахо барои солхои 2021-2030» ва натиҷаи татбиқи он дар соли 2021 шинос намуд.
Инчунин, доир ба дастгирии маъюбон, шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида маълумот пешниҳод намуд. Бобати ин масъала Маҷидов М. – муовини сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд низ иттилоот пешниҳод намуд.
Рустамбек Аҳмадзода– корманди масъул доир ба ВАО – и Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд оид ба масъалаи кӯмак ба шахсони осебпазир дар давоми шаш моҳи соли 2022 презентатсия кард.
Аз ҷониби кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ пешниҳод гардид, ки аз ҷониби Марказ ба шахсони масъул ва роҳбарияти филиалҳои ҶҲАТ рӯихати ҷабрдидагони мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ дастрас карда шавад, то ки дар дар микёси вилоят онҳо тавонанд кӯмаки худро ба ҷабрдидагон расонанд.
Баъди саволу чавоб чорабини чамъбаст гардид.

Камолова Р. – хамохангсози барнома дар вилояти Сугд