ҶАЛАСАИ МАШВАРАТИИ ТАШАББУСИ “ОГОҲСОЗИИ БАРМАҲАЛ БАРОИ ҲАМА”

0
346

29 декабри соли 2023 дар меҳмонхонаи Румӣ, шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии ташаббуси “Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама (EW4ALL)” баргузор гардид. Ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва дастгирии молиявии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) ташкил карда шуд. Ин ҷаласа тарафҳои манфиатдорро барои баррасии ташаббуси “Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама” аз мақомотҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва бахши хусусӣ ҷамъ овард.

Ширкаткунандагони ҷаласа методологияи татбиқи бахши чаҳорум (тайёрӣ ва вокуниш)-и ташаббуси EW4ALL, татбиқи амалии воситаҳои мувофиқашуда дар фаъолияти вазорату идораҳо ва эҳтиёҷоти техникӣ барои ба воқеият табдил додани огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ташаббуси “Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама” дар соли 2022 аз ҷониби Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш эълон шуда буд, ки даъваткунандаи амалҳои глобалӣ барои ҳифзи ҳар як фарди сайёра тавассути огоҳсозии бармаҳал то соли 2027 мебошад. Тоҷикистон ба гурӯҳи 30 кишвари асосӣ барои гирифтани кӯмаки ҳамоҳангшуда дар доираи ин ташаббус дохил шудааст. Дар чаҳорчӯби ин иқдом шарикони байналмилалӣ ба кишвар кумак мерасонанд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонмандии худро барои татбиқи хадамоти муассири огоҳсозии бармаҳал аз чаҳор бахши низоми огоҳсозии бармаҳал аз хатарҳои бисёрҷониба (MHEWS) тақвият медиҳад. Аз байни идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҳамкор барои пеш бурдани ҳар яке аз чаҳор бахш мақоми роҳбарикунанда муқаррар карда шудааст. Мақоми рохбарикунандаи бахши чаҳорум (тайёрӣ ва вокуниш) ба дӯши КҲФ бо дастгирии ҶҲАТ ва ФБҶ СС ва ҲА гузошта шудааст.