16 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон М. Парвати Рамасвами, ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор гардид.
Дар ҷаласа беш аз 70 нафар роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллӣ мебошанд, ширкат варзиданд. 15 нафар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ низ тариқи видеоконфронс ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо доир ба рафти татбиқи ташаббуси “Огоҳии бармаҳал барои ҳама” дар Тоҷикистон, Барномаи миёнамӯҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 ва нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2023-2025, ҳисобот оид ба рафти иҷрои барномаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, иҷрои барномаи иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, дар бораи чорабиниҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар самти коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишвар ва натиҷаи таҳлили ҳуқуқи ҳолатҳои фавқулода барарсӣ шуданд.
Ҳамчунин Нақшаи кории Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои нимсолаи дуюми соли 2024 ва «Харитаи роҳ»-и тақвияти системаи огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон, ки дар доираи Барномаи мазкур таҳия ва татбиқ мегардад, ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» дар кишвар низ баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Қурбониён Б. Котиби генералии ҶҲАТ ва Мирова Д. муовини котиби генералии ҶҲАТ иштирок намуданд. Муовини котиби генералӣ роҷеъ ба фаъолиятҳои ҶҲАТ дар самти коҳиш додани офатҳои табиӣ суханронӣ карданд. ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии қонунгузории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ) таҳлили масъалаҳои ҳуқуқии вобаста ба ҳолатҳои фавқулоддаро ба роҳ мондааст.
Дар ин замина, Матробов М. сардори шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии ММҚ дар бораи натиҷаҳои таҳлили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода суханронӣ карданд.
Чорабинии мазкур дар доираи барномаи «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ» (ECHO-PP) маблағгузорӣ ва дар ҳамкорӣ бо КҲФваМГ ташкил карда шуд.