3 майи соли 2024 дар идораи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии техникии ҳамоҳангсозии шарикони рушд баргузор гардид. Мутаасифона дар ин ҷаласа бо сабабҳои техникӣ намояндагони Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок надоштанд.
Максад аз баргузории ҷаласаи техникии ҳармоҳа ин ҳамоҳанг сохтани фаъолияти шарикон дар доираи Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, мусоидат намудан дар фаъолияти якдигар мебошад.
Дар ин ҷаласа намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) иштирок намуданд.
Дар оғоз ҳамоҳангсозони барномаҳое, ки бо дастгирии КБСС маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) амалӣ мегарданд, оид ба фаъолияти худ ва нақшаҳо барои моҳи оянда маълумот доданд.
Сипас, аз ҷониби ҳамоҳангсозони дигар лоиҳаву барномаҳои ҶҲАТ ва КБСС оид ба рафти фаъолияти барномаҳо ва нақшаҳои оянда баромадҳо доир гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби намояндаи шуъбаи молиявии КБСС ба Мавлюда Айматова, молияшиноси ҶҲАТ барои фаъолияти беҳтарин дар соли 2023 Сипоснома тақдим карда шуд.
Аз фурсати мусоид истифода бурда маъмурияти ҶҲАТ Айматова Мавлюдаро барои фаъолияти самаранок ва намунавӣ табрик менамояд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 3 майи соли 2024