13 январи соли 2020 дар Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Бахш дар соли 2019 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоён ва кормандони бахши ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи Марказии ҶҲАТ иштирок намуданд.
Ҷаласа таҳти сарварии Раиси озоди бахши ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе Содиқова Дилором гузашт.
Дар љаласа 2 масъала: ҳисоботи Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти Бахш дар соли 2019 ва нақшаи фаъолияти бахш барои соли 2020 пешниҳод гардид.
Аз рўи масъалаи якум, Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе Намозов Зокир оид ба фаъолияти бахш дар соли 2019 ба ҳозирин ҳисобот дод.
Баъди баррасии ҳисоботи ў аъзоёни конфронси бахш ҳисоботи бахшро қаноатбахш қабул намуданд.