Ҷамъбасти Тренинги техникии панҷрӯза оид ба «Асосҳои паноҳгоҳ»

0
1655

18 июн Тренинги техникии панҷрӯза оид ба «Асосҳои паноҳгоҳ» дар доираи Лоиҳаи «Омодагӣ ба воридшавии эҳтимолии гурезагон (Emergency Appeal: MDR65006, Population Movement)» барои кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷамъбаст гардид.

Дар рӯзи панҷум машқи симулятсионии дар рӯзи чорум гузаронидашуда натиҷагирӣ ва оид ба бурду бохт, яъне баъзе хатоӣ ва норасоию камбудиҳо ибрози андеша карда шуд.

Сардори Шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ДИ КМ ҶҲАТ Шуҳрат Сангов ва менеҷери лоиҳаи болозикр, тренер аз намояндагии ФБҶСС ва ҲА дар Тоҷикистон Санҷай Мухерҷӣ дар ин бобат сухан гуфта, баён намуданд, ки дар маҷмӯъ кори амалии гурӯҳҳо қобили қабул ва қаноатбахш буд.

Гуфта шуд, ки дар ташкил ва гузаронидани машқи симулятсионӣ дар мавзӯи тарзи дурусти рост намудани хаймаҳо барои гурезаҳо ва ё зарардидагони офатҳои табиӣ, кори пурсамар ва дастҷамъонаи даставӣ эҳсос гардид. Ба мушоҳида расид, ки ҳамаи аъзои гурӯҳҳо фаъол буданд.

Ҳар як аъзои гурӯҳҳо дар ин масъала ва умуман дар хусуси ташкил ва баргузории Тренинги техникии панҷрӯза фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Аз номи роҳбарияти ҶҲАТ муовини Котиби генералӣ Дилором Мирова сухан гуфта, зикр кард, ки дар ҳамаи мавридҳо урдугоҳҳо (лагерҳо)-и башардӯстона мувофиқи талабот ва стандартҳои Сфера бояд ташкил карда шаванд.

Ҳамин тавр, бо баёни фикру андешаҳои иштирокдорон Тренинги техникии панҷрӯза оид ба «Асосҳои паноҳгоҳ» дар самти омодасозии комплекси HUMANITARIAN SHELTER (Паноҳгоҳи башардӯстона) ба итмом расид.

Иштирокдорони тренинг-кормандони ҶҲАТ бо ин васила донишу маҳорати худро дар масъалаи ташкили паноҳгоҳи башардӯстона ва тарзи дурусту саривақтӣ ҷойгир намудани гурезаҳо ва ё зарардидагони офатҳои табиӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона сайқал доданд.

Хотиррасон менамоем, ки Тренинги техникии панҷрӯза дар мавзӯи «Асосҳои паноҳгоҳ» тибқи Нақшаи кории ДИ КМ ҶҲАТ, бахусус Шуъбаи ҳолатҳои фавқулода бо дастгирии молиявии ФБҶСС ва ҲА ташкил ва гузаронида шуд.