Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба кӯдакони ятим кӯмаки молиявӣ мерасонад.

0
375
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) мададгори мардум буда, ҳамеша мекӯшад ба табақаҳои ниёзманди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки хешро расонад.
Ҳоло дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 2 лоиҳа оид ба дастгирии ятимони Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд.
Лоиҳи якум бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб, ки тавассути он ҶҲАТ ба 1004 нафар кӯдакони ятим кӯмаки молиявӣ мерасонад, аз ҷумла тибқи лоиҳаи мазкур барои як нафар ятим дар як моҳ 180 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рўзи пардохт пешбинӣ карда шудааст.
Лоиҳаи дуюм бо дастгирии Маркази имдод ва кӯмакҳои башардустонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ амалӣ мегардад, ки тавассути он ҶҲАТ дар соли 2023 ба 600 нафар кӯдакони ятим кӯмаки молиявӣ расонид.
Тибқи мулоқоти роҳбарияти ҶҲАТ ва Маркази зикргардида дар моҳи декабри соли 2023 шурўъ аз соли 2024 шумораи кудакони ятим мутобиқи ҳамин лоиҳа аз 600 нафар ба 1000 нафар расонида мешавад.
Аз рӯи лоиҳаи мазкур барои як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари ИМА бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рузи пардохт пешбинӣ карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки нисбати ҳар як нафар кӯдаки ятим дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисоби бонки кушода шуда, маблағҳои кумакпулӣ аз рӯи лоиҳаҳои дар боло зикршуда ба суратҳисоби онҳо интиқол дода мешавад.
Ҳамзамон, рўйхати кӯдакони ятим тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва муроҷиати худи шаҳрвандон дастрас карда шуда, аз ҷониби маблағгузорон тасдиқ карда мешаванд.
Дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳоло расмиёти ворид намудани ятимони нав ба лоиҳаҳои дастрас намудани кумакпулї барои давраи минбаъда идома дорад.
Зиёда аз 60 фоизи кӯдакони ятимро дар ин ду лоиҳа духтарон ташкил менамоянд.
Маблағҳои кумакпулӣ тибќи лоиҳаҳои баимзорасида барои таҳсил, маводи хурока ва саломатии ятимон истифода мешаванд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) яке аз кӯҳантарин созмонҳои башардӯстона дар кишвар буда, сар аз соли 1927 ба мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад.
Фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии тамоми ниёзмандон равона шудааст. ҶҲАТ ҳамчун созмони миллии башардӯстона бо таҷрибаи тақрибан якасраи амалигардонии барномаҳои башардӯстона ва иҷтимоӣ дар кишвар эътироф гардидааст. Дар иҷрои барномаҳо шабакаи васеъи волонтёрон, филиалҳову ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҳамкории устувор бо ҷомеаи маҳаллӣ аз бартариятҳои асосии ҶҲАТ ба ҳисоб мераванд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 08 январи соли 2024