Дастгирии шахсони ниёзманд яке аз њадафњои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба хисоб рафта, Ҷамъият њамеша мекўшад барои дастгирии онњо мусоидат намояд.
Ҳафтаи дуюми моҳи май боронгариҳои шадид боиси селу обхезӣ ва кӯчиши замин дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гардиданд. Махсусан, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла, Кӯлоб, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон, Дӯстӣ, Вахш, Мӯъминобод ва Абдураҳмони Ҷомӣ зарар диданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) аз марги 9 нафар дар натиҷаи офатҳои табиӣ, хароб гардидани 907 манзили истиқоматӣ, ва бе сарпаноҳ мондани оилаҳо хабар дод. Бино бар арзёбиҳои аввалия, офатҳои табиӣ ба ҳаёти ҳадди ақал 25,010 нафар таъсир расониданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии ҳолатҳои фавқулодаро дар ҳар ноҳия муваззаф ба фаъолиятҳои вокунишӣ кард. Дар ҳар ноҳияи зарардида барои ҷамъоварӣ ва арзёбии хисорот ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои вокунишӣ Марказҳои ҳолатҳои изтирорӣ ташкил дода шуд. То ҳоло ин фаъолиятҳо иборат буданд аз: ҷустуҷӯ ва наҷот, кӯчонидани мардум аз маҳалҳои хатар, дезинфексияи маҳалҳои зарардида, тоза кардан аз партовҳо, баҳогузории хисорот ва зарарҳо, сабти номи мардуми зарардида, эҳёи хидматрасониҳои иҷтимоӣ, ҷамъоварӣ ва тақсими ёрии аввалияи башардӯстона, ва тарҳрезии эҳё.
ҶҲАТ бо истифода аз Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (DREF), кӯмаки башардӯстона дар намуди маводҳои ғайрихӯрока ба 357 оилаи осебдида (1785 нафар) ироа намуд. Бино бар арзёбиҳо, оилаҳои осебдида дар Кӯлоб, Восеъ, Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯмак фаро гирифта шуданд. Ин кўмак аз лихози бистар, кампал, болишт, рахти хоб, бел, каланд, маводҳои ошхона ва гигиенӣ, сатил ва зарфи обгирӣ иборат буд.
Илова бар ин, маблағи нақдӣ ба 74 оилаи осебдида (370 нафар) пешбинӣ намудааст ва тақрибан, 11,184 нафар дар маҳалҳои зарардида бо паёмҳои риояи беҳдоштӣ ва тақсимоти баргаҳои иттилоотӣ фаро гирифта мешаванд. Фаъолиятҳои мазкур барои се моҳ пешбинӣ шудааст.
Оилаҳое, ки бо кӯмаки нақдӣ фаро гирифта мешаванд, кӯмаки яквақтаинаи пулӣ ба миқдори 200 (дусад) франки швейтсарӣ сари як оила (тибқи қурби расмии Бонки милии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) дарёфт мекунанд.
Дар доираи кӯмакҳои мазкур, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кўдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгирихои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кӯмак расонида мешавад.
Тамоми раванди кабул, интикол, дастрас ва таксим намудани кӯмаки мазкур бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мувофиқа карда шудааст.
Санаи 9-юми майи соли 2021, дар марҳилаи аввали тақсимот ба 15 оилаи осебдидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводи ғайрихӯрока дастрас карда шуд.
Санаи 17-уми майи соли 2021 ба 80 оилаи осебдидаи ноҳияи Вахш тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводи ғайрихӯрока дода шуд.
Санаи 23-юми майи соли 2021 ба 110 оилаи осебдидаи ноҳияи Восеъ тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводи ғайрихӯрока дода шуд.
Санаи 29-юми майи соли 2021 ба 152 оилаи осебдидаи шаҳри Кӯлоб тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводи ғайрихӯрока дода шуд.
Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон минбаъд низ кўшиш менамояд, ки фаъолияти худро пайваста ба сиёсати пешгирифтаи Хукумати Чумхурии Точикистон равона сохта, хамеша вобаста ба дастгирии табакаи ниёзмандон сахмгузор бошад.
Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда (Disaster Relief Emergency Fund (DREF) бунёдест, ки соли 1985 аз ҷониби ФБҶ СС ва ҲА ҷиҳати пуштибонии сареъи молӣ аз вокунишҳои изтирории Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба ҳолатҳои фавқулода ташкил шудааст.
—————————————————————————————————————————————–
The Red Crescent Society of Tajikistan provided humanitarian aid to families affected from floods and landslides in Khatlon province
The torrential rains of starting from 6 May and continuing until 13 May 2021 triggered floods, landslides and mudflows in many of the country’s districts. Districts and towns of Khatlon province faced the largest number of losses and destructions. Disasters affected the following towns and districts: Kulob town and districts of Shamsiddini Shohin, Yovon, Dusti, Vaksh, Muminobod and Abdurahmoni Jomi.
The Government of the Republic of Tajikistan activated the Inter-Agency Commission on Emergency Situations in each disaster-affected district, which fully facilitates the response operations. Furthermore, Emergency Operations Centers have been set up in each disaster-affected district to collect and analyze relevant information, as well as to coordinate the response activities.
Up to date, general response activities in the affected districts include: search and rescue, evacuation of population from risk zones, constant disinfection of the affected territories, debris removal, assessment of damages and needs, registration of affected population, restoration of communal services, collection and distribution of immediate relief assistance, as well as recovery planning.
The RCST, supported by the International Federation of Red Cross and Red Crescent Societies’ Disaster Relief Emergency Fund (DREF), provided relief assistance to 357 households (1,785 people) through household items to cover basic needs and additionally planning to assist 74 affected households (370 people) with unconditional cash grants. Some 11,184 people living in the affected communities will be reached by hygiene promotion activities and distribution of information materials. The operation will be completed within three months.
Based on the assessment in the field, the affected population in Kulob, Vose, Vakhsh and Abdurahmon Jomi have been provided with household items to cover their basic needs (mattresses, pillows, bed linen sets, quilts, plastic buckets, shovel, hoes, hygiene kits, kitchen sets and jerry cans). The cash grant provides 200 CHF per household.
Under this operation, RCST covered families, whose houses are heavily damaged and who have lost their property and belongings, the most vulnerable families with many children or with vulnerable elderly and families headed by women as the only breadwinners.
All operations including delivery of goods, transportation to affected areas and distribution taking into account the needs assessment were conducted in close cooperation with the Committee of Emergency Situation and Civil Defense’ representatives and local authorities of Khatlon province.
On May 9, 2021, some 15 affected families from Abdurahmoni Jomi district according to approved list of beneficiaries provided by the National Emergency Response Commission received non-food items, including hygiene kits from RCST.
On May 17, 2021, another 80 affected families from Vakhsh district according to approved list of beneficiaries provided by the National Emergency Response Commission received non-food items, including hygiene kits from RCST.
On May 23, 2021, some 110 affected families from Vose district according to approved list of beneficiaries provided by the National Emergency Response Commission received non-food items, including hygiene kits from RCST.
In addition, the RCST covered 152 more families in Kulob town with non-food items, including hygiene kits. It is important to mention that during the distribution of the humanitarian aid in Kulob town, Chairman of Khatlon Province, Mr. Kurbon HAKIMZODA and Chairman of CoES, Mr. Rustam NAZARZODA had visited the RCST distribution point, where they talked with affected population as well as expressed their gratitude to National Society’s staff and volunteers for their effective activities.
Assisting the most vulnerable population is the main priority of the Red Crescent Society of Tajikistan and National Society always tries to support them on daily basis taking into account their real needs.
The Disaster Relief Emergency Fund (DREF) is a fund set up by the International Federation of Red Cross and Red Crescent Societies (IFRC) in 1985 to ensure that immediate financial support is available for Red Cross/Red Crescent emergency response to disasters.