Ҷамъомади таълимӣ-методӣ барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

0
700

Рӯзҳои 27-28 декабри соли 2022 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва дастгирии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) дар мавзӯи “Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона” бо иштироки сардорони шӯъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати КҲФ дар ВМКБ,  вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва сардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Рашт ва сардорони бахшу шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Варзоб, Айнӣ, Исфара, Б.Ғафуров, кормандони шӯъбаи ҲФ ҶҲАТ семинари дурӯза баргузор гардид. Ҷамъомади таълимию методиро сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ генерал-майор Камолзода Ҷ. ифтитоҳ намуд. Дар семинари мазкур аз тарафи мутахассисони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита дар мавзӯи: Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои  фавқулода, қонунҳо ва сиёсати марбут ба тағйирёбии иқлим бо истифода аз усулҳои пешрафта дар Тоҷикистон, таъсири башардӯстонаи тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, қонунҳо ва сиёсати марбут ба тағйирёбии иқлим бо истифода аз усулҳои пешрафта дар Тоҷикистон, таъсири башардӯстонаи тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (таҳлилҳо), қонун дар бораи ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ маълумот ироа гардид.

Инчунин дар ҷамомади мазкур намоянда аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, вобаста ба ҳукуки байналмилалӣ дар соҳаи ҳифҳи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, тартиби даровардани тағйиру иловаҳо ба қонун, қарорҳои соҳавӣ ва доир ба фаъолияти Маркази мазкур баромад намуданд. Дар муҳокимаҳо афсарони КҲФ фаъолона иштирок намуда, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххаси худро гирифтанд.

Аз ҷониби сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Сангов Ш вобаста ба ҳамкориҳои ҶҲАТ бо Кумита, ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон”, идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи байналмилалӣ ва хатари иқлим, фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим ва нақши ёрирасон суханронӣ намуданд.