1 Декабр – рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВИЧ/СПИД

0
2039

1 декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД)-ро таҷлил менамояд. Аввалин шахсони гирифтор ба ин беморӣ дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Америка ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи  иттилои Созмони Миллали Муттаҳид, соли  2018 шумораи гирифторони ин беморӣ  ба 37,9 миллион расидааст.

Бо мақсади иттилоотонии ҷомеа оид ба ин беморӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз он шурӯъ аз соли 1996 ҳамаи давлатҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ин рӯзро бо баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию  машваратӣ таҷлил менамоянд.

Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) низ њамасола дар ин рўз дар њамбастагї бо сохторњои тандурустии кишвар барномаҳои мухталифи иттилоотию маърифатӣ, ҳамоишҳо,  машваратҳо, рекламаҳои иҷтимоӣ ва ѓайрањоро дар ин мавзӯъ баргузор менамояд.

Бо ин маќсад санаи 30 ноябри соли 2019 дар Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД)  ҳамоиш баргузор гардид. Дар он кормандон ва волонтёрони ЉЊАТ дар назди иштирокчиён баромад бо филми мустанад ва саволу љавоб доир намуданд. Иштирокчиёни фаъоле, ки ба саволњои мутахассисони соња оид ба ВНМО -ВИЧ/СПИД љавобњои дуруст пешкаш намуданд, соњиби тўњфањои хотиравї гардиданд. Дар ин њамоиш наздикии 300 нафар донишљўён, устодон, волонтёрон, намояндагони сохторњои тиббї ва ЉЊАТ иштирок намуданд.

Бояд ќайд намуд, ки њарчанд солҳои охир афзудани бемории  Вируси норасоии масунияти одам ва  табобатнашаванда будани он боиси  ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида бошад ҳам, бино ба гуфти олимони соҳаи тиб он идорашаванда мебошад.

Тавре мудири шуъбаи иљтимої-тиббии ЉЊАТ Илњом Рањимов гуфт:  «Вируси норасоии масунияти одам бемории сироятии музмин буда, системаи иммунитети шахсро заиф карда, онро барои  солим нигоҳ доштани организм мураккаб месозад ва  вақте ВНМО рушд меёбад, он метавонад ба Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ/СПИД) оварда расонад».

Бино ба таҳлилҳои мутахасисони соҳаи тиб, ВНМО тавассути хун, алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, сӯзандоруҳои тамизнашуда, инчунин  аз модари сироятёфта ба навзод ҳангоми таваллуд мегузарад.

«Бояд донист,  ки  ВНМО  тавассути оби даҳон, арақи бадан, бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот, ашёи маишӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ,  ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад», — афзуд Илњом Рањимов. 

Ғайр аз ин,  тибқи муқаррароти моддаи 125-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки бо роҳҳои гуногун нафари дигарро ба бемори ВИЧ/СПИД гирифтор мекунанд, ба муҳлати аз 2 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Барои сари вақт огоҳ шудан аз ин беморӣ ва пешнирии сирояткунӣ ба наздикон ҳар як шахс бояд ҳадди ақалл дар як сол як маротиба аз ташхис гузарад.

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, шањри Душанбе, шањри Душанбе, 1 декабри соли 2019