Аз соли 1987 дар тамоми дунё 1 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯзро ҳамасола таҷлил менамояд. Бемории Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад.
Дар Тоҷикистон 43 маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО фаъолият доранд. Ҳар як шахс метавонад ба ин марказҳо муроҷиат намояд ва маълумоти заруриро доир ба ин беморӣ дастрас кунад. Амалиёти гузаронидани санҷиш аз се давра- машваратдиҳӣ пеш аз гузаронидани санҷиш, гирифтани хун барои санҷиш, машварат пас аз гузаштан аз санҷиш иборат аст.
Бояд гуфт, ки назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис, риояи усулҳои махфӣ ва анҷом додани он амалӣ гардида, ба шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо кумаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ расонида мешавад.
Бахшида ба рӯзи мубориза бар зидди ВНМО Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам як зумра барномаҳои ташвиқотиро ҳамасола баргузор менамояд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) низ ҳамасола як қатор иқдомҳои иттилоотиро дар муассисаҳои гуногуни љумҳурӣ баргузор менамояд.
Имсол низ ҶҲАТ дар ҳамбастагӣ бо Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур иқдоми иттилоотиро оид ба мубориза бар зидди бемории ВНМО баргузор намуд. Дар ин иқдомҳо зиёда аз 100 нафар донишљўён ва устодони донишгоҳҳо иштирок намуданд. Масъулини ЉҲАТ оид ба ВНМО, роҳҳои гузариши он, роҳҳои пешгирии ба иштирокчиён маълумот дода, сипас филми мустанадеро оид ба ин беморӣ ба ҳозирин намоиш доданд.
Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии ҶҲАТ дар бораи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва махсусан барномаҳои он оид ба ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ ва ѓайри сироятӣ ба иштирокчиён маълумоти муфассал дод.
Дар охири иқдомҳо ба иштирокчиён саволу ҷавоб аз ҷониби масъулини ҶҲАТ дода шуд ва иштирокчиёни фаъол сазовори тўҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ҶҲАТ гардиданд.
Маркази иттилооти ЉҲАТ, шаҳри Душанбе, 11 декабри соли 2020