Имрӯз Рӯзи дави миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳар сол, рузи якшанбеи сеюми моҳи май, дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад, ки ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он дар саросари кишвар мебошад.
Дар дави имсола иштироккунандагон дар ҳайати намояндагони сохторҳои давлатӣ, омӯзгорону донишҷӯён, корхонаҳои хусусӣ, намояндагони ташкилоту созмонҳои милли ва байналмилали фаъолона ширкат варзиданд.
Кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) низ дар шахри Душанбе, вилояти Сугд, ВМКБ, Хатлон ва шаҳру нохияхои тобеи ҷумхурӣ дар ин иқдом фаъолона иштирок намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки аллакай Дави миллӣ дар ҷумҳурии мо решаҳои амиқ дорад ва имрӯз имконияти пурраи паҳншавӣ ва афзоиш дорад. Аввалин рӯзи Дави олимпӣ дар соли 1993 барпо гардида, дар он зиёда аз 500 нафар ширкат варзида буданд.
Дар солхои минбаъда ин рақам афзуд. Бинобар содир шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Дави олимпӣ эхёи нави миллиро касб кард ва рузи Дави миллӣ номгузорӣ шуд.
Дар соли 2006 дар рузи Дави миллӣ 110 хазору 537 нафар одамон ширкат варзиданд.
Дави солимӣ, ки боз номхои дигар–давидани олимпӣ, давидани миллӣ ҳам дорад, дунёро тасхир карда, дар ҳама ҷо чун воситаи беназир нигаҳдорӣ ва барқароркунии саломатӣ, обутобёбии ҷисмонии хуб шинохта шудааст.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 15 майи соли 2022