15-16 марти соли 2025 аз ҷониби кормандон ва волонтёрони филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ба 300 нафар ниёзмандони ноҳияи Сангвор кумаки озуқаворӣ расонида шуд.
Ин кумак бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон пешбинӣ шудааст.
Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 50 кг орди гандумӣ, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг мош, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат мебошад.
Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор амалӣ гардид.