Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID BHA) тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба амали намудани фаъолиятҳои лоиҳаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ» дар ноҳияи Рушон низ фаъолиятҳои худро оғоз намуд.
Бо мақсади оғози фаъолиятҳои лоиҳаи мазкур, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ВМКБ дар деҳаи Сипончи ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон, вохуриҳои сатҳи маҳаллиро оиди таъсис додани кумитаи маҳалии деҳаи Сипончи ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон оиди идоракунии офатҳои табиӣ баргузор намуд. Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур дар мувофиқа бо Ҳукумати ноҳияи Рушон, роҳбарияти ҷамоати деҳоти Бартанг ва намояндагии КҲФ ва МГ-ии ноҳияи Рушон гузаронида шуд.
Дар оғози баргузории чорабинии мазкур мақсад, моҳият ва фаъолиятҳои кунунии ҶҲАТ- хусусан дар самти омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда барои иштирокдорон хотирнишон карда шуданд.
Сипас, бо мақсади ташкили кумитаи маҳалии эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаи деҳаи Сипонч, бахусус интихоб намудани аъзоени он бо директори МТМУ-ии №24-и деҳаи Сипонч, раиси ташкилоти деҳотии деҳаи Сипонч, раиси ҷамоати деҳоти Бартанг суҳбатҳо доир гардиданд. Дар рафти суҳбатҳо масьалаи интихоби шахсони арзанда барои аъзогӣ ба КМ-ии ЭХФ-и деҳаи Сипонч мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки бо мақсади халалдор нагардидани фаъолиятҳои кории омузгорон, кормандони соҳаи тиб ва дигар идораю муасисаҳои дар ҳудуди деҳаи Сипонч фаъолият намуда, аз ҳар як корхонаю муассиса, инчунин фаъолони деҳа, шумораи муайяни одамон барои аъзогӣ пешбарӣ карда шаванд. Дар охир дар асоси хулосахои мушаххас, кумитаи маҳалии деҳаи Сипончи ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон оиди идоракунии офатҳои табиӣ тибқи протокол таъсис дода шуд ва аз тарафи раиси ҷамоати деҳоти Бартанг тасдик карда шуд.
Мақсади асосии он боз ҳам баланд бардоштани иқтидори ҷамьияти миллӣ дар самти омодагӣ ва эътинои сифатноку саривақтӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардид.
Дар рафти чорабинии мазкур тамоми аъзоёни ин кумитаи навтаьсис иштирок намуданд ва бо онҳо нақшаҳои минбаъдаи фаъолият фаҳмонида шуданд.
Дар баргузории чорабинии мазкур намояндаи ҷамоати деҳоти Бартанг ва намояндаи КҲФ ва МГ-ии ноҳияи Рушон ширкат варзиданд.