Мӯҳтарам кормандон, ихтиёриён ва дӯстони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон! Дар ин соли муҳим — соли ҷашни 95-солагии Ҷамъияти миллии мо ба шумо барои фаъолияти пурзаҳмат, барои кори ҳаррузае, ки ба нафъи мардум сарфа менамоед, аз сидқи дил миннатдорӣ баён мекунам. Барои мо азобу дарди касе бегона нест. Шумо яке аз аввалинҳо шуда дар ҳар куҷое, ки шахс ба ёрию дилсузӣ эҳтиёҷ дорад, мерасед, дар он ҷое, ки маҳорати касбӣ ва қобилият, устуворӣ ва оромии шумо ҳаётан зарур аст.
Мо ҳама як қисми Ҳаракати башардӯстонаи бисёрмиллиона ҳастем, ки ҳадафаш кӯмак ба осебпазиртарин ва ниёзмандтарин инсонҳо мебошад. Аммо ин таърихи мо дар бораи танҳо дарду ранҷу азоб нест. Таърихи мо дар бораи эҳтиром, муҳаббат ба одамон ва шафқат, ки ҳамеша арзишҳои устувор боқӣ мемонанд ва барои ҳаёти ҳар як инсон ва ҷомеаи мо заруранд.
Ҳамкасбони азиз, ба шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод, хушбахтӣ, инчунин нерӯю сабру таҳаммул таманно дорам, то рисолати башардӯстонаамон – хидмат ба мардумро сазовор ва самаранок иҷро намоем.
95 солагии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон муборак!