16-17 декабри соли 2021 дар шаҳри Ҳисор аз чониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБ ҶСС ва ҲА) семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Омодагӣ ба эътинои муассир” баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳӣ вобаста ба мақсад ва ҳадафҳои баргузорӣ сухан гуфта шуд. Нуралӣ Одинаев, ёрдамчии Котиби генералии ҶҲАТ аз номи роҳбарияти Ҷамъият ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта роҳандозии ин омӯзишро барои фаъолияти ҶҲАТ ва филиалҳои он дар минтақаҳо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин омӯзиш савияи дониши иштирокчиёнро баланд мебардорад ва минбаъд ба фаъолияти онҳо дар самти омодагӣ ва эътино таъсири мусбӣ хоҳад расонид.
Давоми рӯз тибқи барнома як қатор мавзӯҳо баррасӣ гардид. Аз ҷумла шарҳи раванд ва механизмҳои миллии омодасозӣ, мафҳум ва консепсияҳо, ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти эътино бо мақомотҳои давлатӣ ва дигар шарикону ташкилотҳо, ба таври муосир роҳандозӣ кардани фаъолият ва соддагардонии равандҳо ва дигар мавзӯҳои муҳим ба иштирочиён фаҳмонида шуд. Инчунин вобаста ба масъалаҳои мухталиф мулоҳиза ва фикррониҳо низ сурат гирифт ва иштирокдорон андеша ва пешниҳодҳои хешро баён карданд. Аз ҷумла аз тарафи котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода вобаста ба содда ва ба таври муосир роҳандозӣ намудани як қатор фаъолиятҳо бо мақсади бештар ҷалб намудани аҳолӣ аз ҷумла дар самти қабули волонтёрон, расонидани кӯмакҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷамъиятҳои миллӣ ва филиалҳои ҷамъият дар минтақаҳо ва ғайра як қатор пешниҳодҳо манзур гардид ва аз ҷониби дигар иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирифт.