Дар соли 2010 дар сатҳи барномаи «Беҳдоштии об» бо дастгирии Салиби Сурхи Испания 8 лоиҳаи обтаъминкунӣ дар ноҳияҳои вилояти Суғд, Хатлон интихоб гардидаанд ва фаъолияти худро оғоз намудаанд. Аз тарафи ФБҶ СС ваҲА 7 лоиҳа дастирӣ шудаанд, ки умуман 15 лоиҳа дастгирии худро ёфт. Мувофиқи нақша 15 лоиҳаи обтаъминкунии пешниҳодшуда ба анҷом расид. 20 семинари омўзишӣ барои аҳолии деҳот гузаронида шудааст, ки дар онҳо 280 ихтиёриёни барнома қабул шудаанд. Дар рафти гузаронидани семинарҳои омўзишӣ 15 ташкилоти ибтидоӣ ташкил шудааст ва 64 нафар аъзо қабул шудаанд. Дар таърихи 5-уми октябри соли 2010 дар ш. Душанбе ва ноҳияи Ғончӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии «Шустўшуи даст» 2 чорабинӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо саҳначаҳо оиди беҳдоштӣ, озмунҳои расмкашӣ гузаронида шудаанд ва ғолибон соҳиби тўҳфаҳои арзанда гаштаанд. Дар давоми соли 2010 фаъолияти барнома 4 маротиба дар радио ва телевизион пахш гардидааст.