20 сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) №59-и ноҳияи Файзобод аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Файзобод чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.
Чорабиниро директори МТМУ-и №59-и ҷамоати шаҳраки 30-солагии истиқлоли ноҳияи Файзобод ҳусни оғоз бахшида, сипас Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 200 нафар талабагон ва омӯзгорони муассиса фаъолона иштирок намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Ҷоналоева Сабоҳат, котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Файзобод оид ба фаъолияти башардустонаи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Варзоб ва Ӯзбаквӣ Дододова оид ба фаъолияти Хадамоти ҷустуҷуи ҶҲАТ суханронӣ намуд.