Имрузҳо сафари кории Адалберто Павонӣ, Ҳамоҳангсози минтақавии кор бо ҷавонон ва волонтёрони намояндагии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Аврупо аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) идома дорад.
Субҳи имрӯз дар Кумитаи марказии ҶҲАТ Адалберто Павонӣ бо сардорони шуъбаҳо ва ҳамоҳангсозони барномаҳо ҶҲАТ вохурӣ намуд.
Дар вохурӣ масъалаи рушди волонтёрон ва ҷалби ҷавонон баррасӣ гардид.
Имрӯз ҳамчунин ҷаноби Адалберто Павонӣ аз филиали ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе дидан намуда, бо кормандон ва волонтёрони би филиали ҶҲАТ вохурӣ намуд.
Адалберто Павонӣ дар рафти вохурӣ оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе ва волонтёрони он шинос гардида, ба саволҳо ва пешниҳодоти иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дод.
Бояд қайд намуд, ки фардо вохурии ҷаноби Павонӣ бо кормандон ва волонтёрони филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон доир хоҳад шуд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 05 сентябри соли 2023