Имрузҳо дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон лоиҳаи “Дастгирии коҳиши хавфи ҳолатҳои фавқулодда” ки бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкориҳо дар Аврупо (САҲА) аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияҳои Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва Муминободи вилояти Хатлон амалӣ мегардад.
Дируз, яъне 04 сентябри соли 2023 аз ҷониби филиали ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар деҳаи Деҳлолои ҷамоати Нуралишо Назари ноҳияи Муминобод барои 20 нафар шунаванда, аз қабили омузгорон, кормандони тиб, хонандагон-аъзоёни гурӯҳи идоракунии офатҳои табиӣ семинари омузишӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид.
Рафти чорабинӣ аз шиносои бо иштирокчиён оғоз гардид ва дар рафти он таъсироти пайвастаи офатҳои табиӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон ба таври мухтасар фаҳмонида шуд.
Сипас, тибқи презентатсияҳои содда ва мухтасаркардашуда барои иштирокчиён мавзуъҳои вобаста ба таърихи пайдоиши ҳаракати байналмилалии Ҷамъиятҳхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар, фаъолияти кунунии ҶҲАТ, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки санаи 06 сентябри соли 2023 доир намудани машқҳои амалӣ дар яке аз ноҳияҳои минтақаи Кулоби вилояти Хатлон ба накша гирифта шудааст.