26-27 август дар шаҳри Ҳисор семинар-машварат оид ба сабақҳои омӯхташуда аз амалишавии лоиҳаи «Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода»(DREF)MDRTJ035 баргузор гардид. Дар семинар-машварат роҳбарият ва намояндагони ДИ КМ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, намояндагони филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд, намояндаи Федератсияи Байналмилалии ҶСС ва ҲА, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Раёсати он дар вилояти Суғд, намояндаи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, намояндаи сохтори бонкӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ дар бораи амалишавии ин лоиҳаи кӯтоҳмуддат, вокуниши фаврии кормандону волонтёрони ҶҲАТ ба офати табиие, ки охири моҳи март дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба рух дод, кӯмакҳои башардӯстонаи ҶҲАТ ба оилаҳои зарардида маълумот дода шуд. Дар идома намояндаи КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нақши ҶҲАТ ва фаъолиятҳое, ки дар якҷоягӣ анҷом дода шуд суханронӣ намуданд. Сипас намояндаи Федератсияи Байналмилалии ҶСС ва ҲА Фадил Юсрӣ Акса роҷеъ ба нақши Федератсияи Байналмилалии ҶСС ва ҲА дар дастгирии ҷамъиятҳои миллӣ ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ суханронӣ намуд.
Дар давоми ду рӯзи семинар дар бораи як қатор мавзӯъҳо аз ҷумла “Ҳисоботи мухтасар оид ба амалисозии лоиҳаи “Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода”(DREF) фаъолиятҳои банақшагирифташуда ва ҳадаф” ва инчунин роҷеъ ба натиҷаҳои мониторинг баъд аз тақсимоти пули нақд, маълумоти мухтасар дар бораи ҷалби ҷомеа ва масъулият, Ҳимоя, гендер ва фарогирӣ (PGI) ва ғайра аз тарафи шахсони масъул маълумот ироа гардид. Дар ҷараёни семинар инчунин фаъолиятҳои ҶҲАТ, монеаҳо, мушкилоте, ки ба фаъолият таъсир расониданд, баҳодиҳӣ – намунаҳо ва воситаҳо, ҳамкорӣ бо тарафҳои ҳавасманд ва намояндагони ҷомеа (баҳрагирандагон), интихоби баҳрагирандагон, бақайдгирӣ ва тақсимоти кӯмаки башардӯстона ба хонаводаҳои зарардида, ҳисобот ва сабақҳои омӯхташуда, маълумот ва комуникатсия, ҳамоҳангсозӣ ва ҳакорӣ дар дохили Ҳаракат, ҳамонҳангсозӣ бо тарафҳои ҳавасманд ва сохторҳои давлатӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд зикр кард, ки дар таърихи 23-юми марти соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, бахусус дар деҳоти Палдорак, Ярм, Пакшиф, Деҳманора, Дашти миёна, Роғ, Самҷон заминларзаи шадид ба амал омад, ки ба иқтисодиёти сокинони ноҳия хисороти зиёд расонд. Дар асоси натиҷаҳои баҳодиҳии Комиссияи ҳолатҳои фавқулода муайян карда шуд, ки 318 хонавода дар деҳаҳои дар боло зикршуда хонаҳояшон пурра ва қисман зарар диданд.
ҶҲАТ дар доираи лоиҳаи «Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода» (DREF) ба 318 хонаводаи зарардида дар деҳаҳои Палдорак, Ярм, Пакшиф, Деҳманора, Дашти миёна, Роғ, Самҷон кӯмаки нақдӣ ва инчунин маводи ғайрихӯрокаи иборат аз бастаи асбобҳои сохтмонӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстона пешниҳод намуд.