Ташрифи Ҳамоҳангсози минтақавии кор бо ҷавонон ва волонтёрони Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтар

0
2994

6 сентябри соли 2023 Адалберто Павонӣ, Ҳамоҳангсози минтақавии кор бо ҷавонон ва волонтёрони намояндагии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Аврупо ба филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташриф намуд.

Зимни ташриф ба шаҳри Бохтар ҷаноби Павонӣ бо кормандон ва волонтёрони  филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон вохурӣ намуд.

Адалберто Павонӣ дар рафти вохурӣ оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтар ва волонтёрони шинос гардида, ба саволҳо ва пешниҳодоти иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дод.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 06 сентябри соли 2023