Эълони озмуни тендерии харид аз тариқи иштироки номаҳдуд

0
2578

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (минбаъд ҶҲАТ), ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерии харид аз тарики иштироки номаҳдуд, ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хоҳишмандро аз рўи 5 лот дар асоси лоиҳаҳои «Рушди Шуъбаи фондрайзинг» ва «Сафарбаркунии ҷомеа оид ба эмгузаронии COVID-19», ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶСС ва ҶА), маблағгузорӣ мегарданд, тибқи таснифотҳои зерин даъват менамояд:

  1. Таҳияи континентҳои рақамӣ, ҷойгиркунонии видеоҳои таблиғӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва ғайра, фаъолиятҳои вобаста ба он, (тафсилоти бештар дар таснифоти алоҳида);
  2. Таъмини камзулча, футболка ва кулоҳ, (тафсилоти бештар дар таснифоти алоҳида);
  3. Таъмини Баландгӯяк, Смартфон А03, Принтер, ва Компютер, (тафсилоти бештар дар таснифоти алоҳида);
  4. Таҳия ва чопи маводи иттилоотӣ (маҷмуи маводи айёнӣ барои волонтёрон), (тафсилоти бештар дар таснифоти алоҳида);
  5. Таҳияи ва чопи маводи иттилоотӣ, (тафсилоти бештар дар таснифоти алоҳида);

Барои иштирок дар озмуни тендерии навбатӣ таклифи расмӣ дар хусуси иштирок дар озмуни тендерии баргузоршаванда, нусхаи ҳуҷҷатҳо аз қабилӣ; сертификат оид ба бақайдигирии расмӣ дар мақомоти давлатӣ ва маълумотнома аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар хусуси ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ баромад намудан, инчунин мавҷуд набудан дар руйхатҳои ба сифати қарздор дар назди дигарон ва (дорои иҷозатномаи дахлдор будани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ) лозим аст.

Талаботҳои дар боло овардашуда, шартҳои асосии озмуни тендерии баргузоршаванда ба ҳисоб меравад.

Барои гирифтани маълумот ва таснифотҳои асосӣ ва иловагӣ хоҳишмандон метавонанд дар ҳудуди соатҳои корӣ бо рақамҳои телефони +992 2244285 занг зананд ё тариқи расмӣ бо суроғаи: шаҳри Душанбе кўчаи У. Хайём 120 ба унвонии «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», шуъбаи таъминоти моддию техникӣ муроҷиат намоянд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пурра ва қисман таклифҳое, ки бо нархҳои нисбатан паст пешниҳод мешаванд, қобили қабул намешуморад.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди таклифҳо: то 20 сентябри соли 2023, соати 09.00 бо вақти Душанбе муайян карда мешавад.

 Қаблан барои иштирокатон, ташаккур мегўем.