Кӯмаки ҷамъияти ҳилоли аҳмари тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияҳои рашту тоҷикиобод

Дастгирии шахсони ниёзманд аз офатҳоитабиӣзарардида яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баҳисоб рафта, Ҷамъият ҳамеша мекўшад барои кӯмаки онҳо дасти ёрӣ дароз кунад.

Дар таърихи 12 то 15 июли соли равон дар доираи лоиҳаи "Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода" бо дастгирии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба оилаҳои зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод, ки манзилҳояшон бар асари заминларза қисман ва пурра харобу валангор шуданд, маводҳои ғайри хӯрока дастрас карда шуд.

Тибқи тартиби муқарраргардидаба 262 оилаи зарардида тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод маводҳои ғайрихурока, иборат аз: бистар - 6 адад, кампал - 6 адад, болишт - 6 адад, рахти хоб - 6 баста, маводи ошхона - 1 баста ва сатили пластикӣ - 2 дона барои ҳар як оилаи зарардида тақсим карда шуд. Тақсимоти маводҳои ғайрихӯрока ба оилаҳои зарардида аз заминларза барои дар қарорсозӣ ва қонеъ намудани ниёзҳои фаврӣ баъд аз офат кӯмак намуд.

Лоиҳаи "Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода" аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар маблағгузорӣ карда мешавад. Дар ҷараёни тақсимоти маводи ғайри хӯрока намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони Кумита ва Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт иштирок намуданд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, оилаҳои зарардида дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Аскалон ва Ҳиҷбораки ноҳияиРашт, Лангари Шоҳ ва Қалъи лаби оби ноҳияиТ оҷикобод аз кӯмаки мазкур баҳравар гардиданд.

Қобили зикр аст, ки рӯйхати баҳрагирандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиин оҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дар натиҷаи хулосаи комиссияи давлатӣ муайян ва ба ҶҲАТ пешниҳод карда шудааст. Ҷиҳати озоду шаффоф гузаштани раванди тақсимот дар рӯзи тақсимоти маводҳои ғайраи хӯрока рақамҳои боварӣ ва сандуқҳои махсус барои пешниҳод ва дархостҳои аҳолӣ гузошташуд.

Ҳамзамон дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур як қатор тренингҳои омӯзишӣ барои кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ дар заминаи Ҷалби ҷомеа ва масъулият ва Ҳимоя, гендер ва фарогирӣ, кӯмаки аввали психологӣ ва барои аҳолии деҳаҳо тренинг оид ба обу беҳдошӣ гузаронида шуд.

Тамоми раванди интиқол, дастрас ва тақсим намудани кӯмаки мазкур бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод мувофиқа карда шудааст.

ҶамъиятиҲилолиАҳмариТоҷикистонминбаъднизкўшишменамояд, ки фаъолияти худро пайваста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона сохта, ҳамеша дар дастгирии табақаи ниёзмандон саҳмгузор бошад.

Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда (Disaster Relief Emergency Fund (DREF) бунёдест, ки соли 1985 аз ҷониби ФБҶ СС ва ҲА ҷиҳати пуштибонии сареъи молӣ аз вокунишҳои изтирории Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба ҳолатҳои фавқулода ташкил шудааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон яке аз калонтарин ташкилотҳои башардӯстӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1927 ташкил ёфтааст. ҶҲАТ дар саросари кишвар фаъолияти башардӯстонаи худро тавассути 69 филиалҳои худ дар сатҳи ноҳия, шаҳр, минтақа ва вилоят бо назардошти дафтари асосии худ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии шабакаи бузурги волонтёрони худ ҷиҳати расонидани кӯмак ба ниёзмандон пеш мебарад. Ҷамъият дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ, ҷустуҷўи афроди бедаракшуда, аёдати пиронсолони яккаву танҳо, иттилонокии аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятӣ, росонидани ёрии аввали то духтурӣ нақши калидӣ бозида, дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.