Кӯмаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
20 феврали соли 2026 бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманди мамлакат,дар доираи ҳамкориҳои башардӯстонаи байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, тақсимоти кӯмаки хайриявӣ ба 100 нафар оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе амалӣ гардид.
Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 50 кг орди гандумии навъи якум, 3 литр равғани растанӣ ва бастаи маводи хуроквории иборат аз 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг наск, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак иборат мебошад.
Хариди тамоми маводҳои хӯрока аз ҷониби намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ амалӣ кардашуда, тақсимоти он ба 100 нафар оилаҳои ниёзманди 4 ноҳияҳои шаҳри Душанбе тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ анҷом дода шуд.
Дар ҷараёни тақсимот ҷонишини сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣд ар ҶумҳурииТоҷикистон, намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардўстонаи Шо ҳСалмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва роҳбарияти ҶҲАТ иштирок намуданд.
Ин кӯмаки хайриявӣ тавассути кӯшишу заҳматҳои котиби генералии ҶҲАТ дар моҳи шарифи Рамазон ба 7060 нафар оилаҳои ниёзманди якқатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ба амалӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории он аз соли 2016 оғоз мегардад ва дар айни замон тавассути ҶҲАТ лоиҳаи башардӯстӣҷиҳати дастгирии ятимон бо маблағгузории ин Марказ дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки Ҷумҷурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.











